Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон. Ҳанӯз солҳои таҳсил ба васоити ахбори омма ва эҷодиёт шавқу рағбат пайдо намуд. Фаъолияти касбиашро дар соли 2019 оғоз намуда, дар телевизион ва радио бомуваффақият кор кардааст. Аз эфирҳои аввал худро ҳамчун ровии боэътимод, босавод ва пурҳаракат нишон додааст. Ӯ барои рушду инкишофи худ саъю кӯшиш ба харҷ дода, маҳорати хешро доимо такмил медиҳад.
Соҳиби истеъдоди сари вақт ва возеҳу фаҳмо расондани навигариҳои муҳим ва муфид ба шунаванда аст. Овози ӯ дилпурона ва ором садо медиҳад, ки ин маврид кумак мекунад иттилоот сабук ва бе изироб қабул гардад. Ӯ метавонад суханҳоеро интихоб намояд, ки онҳо дар руҳияи ҳар як шунаванда ҷавоб пайдо кунад. Эфирҳои вай бо сифати пешниҳод ва баёнгарию фасоҳат фарқ мекунанд.
Марҷона метавонад бо шунавандагон бо як забон суҳбат кунад – хоҳ ахборот, мусоҳиба ё фикрронии кӯтоҳ дар эфири мустақим бошад. Эфирҳои ӯ саршор аз самимият, пешниҳоди зинда ва эҳтиром ба шунаванда аст. Ӯ на танҳо далелҳоро баён мекунад, балки фазои муоширати боваринокро эҷод менамояд. Шунавандагон эҳсос мекунанд, ки вай дар паҳлӯи онҳост – ва омодаанд аз паи овози ӯ дилхоҳ мавзуъро думболагирӣ намоянд.
Марҷона ба навигариҳо тобиши таасурнокӣ мебахшад ва дар ин ҳолат касбият ва эътимоднокӣ боқӣ мемонад. Дар пешниҳоди ӯ навигариҳо рӯҳ ва симои инсонӣ пайдо мекунанд. Марҷона бо дилхоҳ мавод - аз вақтхушкунанда то таҳлилӣ дилпурона кор мекунад. Сабки ӯ – ҳамоҳангии дақиқият, некхоҳӣ ва рағбати самимона ба ҷаҳон.
Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Хабарҳо бояд хуш ва мунтазам бошанд».