Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403
Фейруз Ҳакимов (DJ Fire)
Муҳаррири мусиқӣ, ровӣ
Фейруз Ҳакимов (DJ Fire)
Дата рождения
04.03.1974
Место рождения
Тоҷикистон

Хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов. Аз айёми ҷавонӣ ба мусиқию садо майлу рағбат дошт, ки боиси интихоби роҳи касбии ӯ гашт. Соҳиби завқу салиқаи амиқи мусиқӣ, дониши саҳнаи анъанавӣ ва муосир ва ҳамчунин таҷрибаи ғании кор бо таҷҳизоти рақамӣ ва бойгониҳои мусиқӣ мебошад. Ӯ дар  жанру шеваҳо ва самтҳои гуногун мавқеи худро озодона муайян мекунад, ҳамеша аз релизҳои муҳим огаҳ аст. Муносибати ӯ ба кор – ин якҷоянамоии дақиқияти техникӣ ва фаҳми эҷодӣ аст.

 

Дар интихоби мусиқии форам ва муҳим ҳамто надорад. Ӯ қодир аст рӯҳияи эфирро ҳис кунад ва онро тавассути садо пешниҳод намояд. Ҳар як таваққуфи мусиқӣ идомаи гуфтугӯ бо шунавандагон мегардад. Интихобҳои ӯ  ин на танҳо трек, балки аксентҳои таасурноканд, ки ба тамоми барнома замина мебахшад. Шунавандагон ба дарки мусиқии ӯ боварӣ доранд ва дар ҳар як эфир кашфиётҳои навро интизоранд.

 

Фейруз медонад, ки кадом оҳанг маҳз ҳамин ҳоло ва маҳз барои ҳамин шунаванда зарур аст. Роҳҳои ҳалли мусиқии ӯ аз рӯи дарк, вале дақиқанд – онҳо табъи болидаро ба вуҷуд меоранд ва таваҷҷуҳро нигаҳ медоранд. Ӯ метавонад классикаро бо навгонӣ пайванд диҳад, эфирро зинда ва хотирмон созад. Бо шарофати кори ӯ, радиои «Navo» рангоранг, муҳим ва касбӣ танинандоз мегардад. Интихобҳои ӯ ҳошияи савтии ҳар як рӯз мегарданд, ки набзи замонро инъикос менамоянд.

 

Фейруз фазои садоӣ меофаринад, ки дар он ровиён қобилияти худро зоҳир мекунанд, шунавандагон бошанд худро дар хонаи худ эҳсос мекунанд. Ӯ бо садову раванд бо ҳассосият кор карда истода, муҳити аудиоии роҳатбахшро эҷод мекунад. Мусиқӣ дар иҷрои ӯ – ин замина не, балки иштирокчии фаъоли эфир аст. Саҳми ӯ – ин оҳанги мавзун ва рӯҳи радиои «Navo» аст.

 

Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Мусиқӣ чизеро мегӯяд, ки онро бо сухан наметавон баён намуд».