Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403
Кирилл Медников
Ровӣ
Кирилл Медников
Дата рождения
04.12.1995
Место рождения
Тоҷикистон

Хатмкардаи Донишгоҳи илм ва технологияҳои Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва, Донишгоҳи политехникии Вротслави Лаҳистон, Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва. Таҳсилоти Кирилл пайванди беназири илмҳои дақиқ, тафаккури байналмилалӣ ва омодагии амиқи мусиқиро инъикос менамояд. Ӯ – ровӣ, муаллиф ва иҷрокунандаи суруд ва шеърҳои худ аст. Тафаккури эҷодии ӯ эфирро тобон, зинда ва бисёрқабата мегардонад. Кирилл бо панҷ забон ҳарф мезанад, ки ин маврид ба ӯ роҳро ба шунавандагони хеле гуногун мекушояд ва ба баромадҳои вай вусъату фарохии вижа мебахшад.

 

Дар лоиҳаҳои «The Voice of Poland» ва «ПЕСНИ» (канали ТНТ) ширкат варзидааст, ки дар он ҷо на танҳо қобилияти овозхонӣ, балки харизмаи ҳунарпешаи ҳақиқиро ба намоиш гузоштааст. Ҳузури саҳнавии ӯ саршор аз самимият аст, ки ба осонӣ ба дили шунаванда роҳ пайдо мекунад. Ӯ муносибати аврупоӣ ба радиошунавониро бо самимияти хос ба ҳам мепайвандад. Дар ҳар як эфири ӯ саргузашти шахсӣ, нуқтаи назар ва эҳсосот мушоҳида мегардад. Кирилл метавонад бовиҷдон ва ошкоро бошад ва зимнан сабки касбии худро ҳифз намояд.

 

Эфирҳои ӯ саршор аз фарҳанг, илҳом ва таҷрибаи шахсӣ мебошанд. Мусиқӣ на ҳамчун замина, балки мисли садое овоз медиҳад, ки ба сӯи худ даъват мекунад. Кирилл барои шунавандагон уфуқҳои нави мусиқӣ ва жанру шеваҳоро кашф карда, анъанаҳоро бо замони ҳозира мепайвандад. Ӯ рӯҳияи шунавандагонро ҳис мекунад ва метавонад садоро бо оҳанги зарурӣ ҷӯр созад. Бо шарофати ин ҳар як пахш фазоӣ ва пур аз маъною мазмун мегардад.

 

Кирилл ҳар як барномаро ба сайру саёҳатиҳиссиёт ва садоҳо табдил медиҳад. Муоширатро на танҳо бо овоз, балки тавассути мусиқӣ, интихоби калима ва рӯҳияи эфир низ пеш мебарад. Барномаҳои ӯ илҳом мебахшанд, дидгоҳро васеъ менамоянд ва радиоро ба таври ҳақиқӣ майдони фарҳангӣ мегардонанд.  Кирилл бовар дорад, ки эфир бояд зинда, бисёрқабата ва ҳамоҳанг бо дунёи дохилии шунаванда бошад. Овози ӯ – овози санъати муосир аст, ки қодир аст қалбҳо роҳ ёбад.

 

Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Санъат – ин озод будан дар худ, дар ҳар як садо ва дар ҳар сухан».