Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба сухан, адабиёт ва санъати ҳикоят майлу рағбат пайдо карда буд. Таҳсилот ва алоқамандии ӯ ба забон таҳкурсии мустаҳкам барои фаъолияти шуғлии оянда гардиданд.
Фаъолияти касбии худро дар соли 2019 оғоз намуд. Ба ҳайси рӯзноманигор, муаллим ва ровӣ дар радиои «Имрӯз» кор кардааст. Дар ин муддат ӯ таҷрибаи арзишманде андӯхт, ки бо шаофати он ӣаргузории муоишират бо шунавандагонро омӯхт. Эфирҳои ӯ ҳамеша саршор аз маънои амиқ ва рағбати зинда ба одамон аст.
Маҷнун муаллифи чандин барномаҳои радиоии маърифатию шавқовар ва ҳамчунин мақолаҳои илмию оммавӣ аст. Мавзуъҳои лоиҳаҳои ӯ гуногунанд – аз фарҳанг то таҳсилот, аз воқеиятҳои ҳамарӯза то ақидаҳои фалсафӣ. Ҳар як барнома дорои ғояе мебошад, ки ӯ саъй мекунад онро бо самимият ва соддаю осонфаҳм бирасонад.
Маҷнун соҳиби ҳиссиёти хоси забон ва пешниҳоди мавод буда, ҳар як мавзуъро ба ҳикояи зинда ва наздик табдил медиҳад. Эфири ӯ – ин на танҳо ҷараёни иттилоот, балки рӯҳия низ ҳаст, ки барои муддатҳои тӯлонӣ бо шунавандагон мемонад. Ӯ қодир аст бо раванди лаҳни нутқро нозук эҳсос кунад ва фазои бовариро эҷод намояд.
Ӯ бадеият, ҳаҷв ва идрокро ба ҳам пайваста, фазои беназири радиоиро меофарад. Шунаванда бо шарофати лаҳн, тимсолҳо ва ҷалбсозӣ ба осонӣ ба фазои барномаҳои ӯ фурӯ меравад. Ӯ метавонад таваққуфро “нигаҳ дорад”, сари вақт шӯхӣ кунад ва ҳар як нафареро, ки назди дастгоҳи радио аст, ба гуфтугӯ ҷалб намояд.
Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Агар сухан ҷону рӯҳр таъсир расонад, пас эфир беҳуда зиндагӣ накардааст».