Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403
Дмитрий Шахматов
Амалиётчӣ
Дмитрий Шахматов
Дата рождения
21.02.2003
Место рождения
Тоҷикистон

Донишҷӯи курси 3-юми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон. Аз солҳои аввал ба расонаҳо майлу рағбат пайдо карда буд: радио гӯш мекард, барномаҳои тамошо менамуд, ба ровиёни дӯстдошта тақлид мекард. Завқу иштиёқи ӯ бо гузаштани солҳо фақат меафзуд ва таҳкурсии касби ояндаи ӯро ташаккул медод. Имрӯзҳо Дмитрий дилпурона дар масири интихобнамудаи худ бо пайвастани шавқ бо таҳсилоти системавӣ раҳсипор аст.

 

Дмитрий аз синни 11-солагӣ орзу дошт дар радио ва телевизион кор кунад, вале замоне ин орзу ба нақшаи дуюм рафт. Бо вуҷуди он орзу нопадид нагашт ва ба саъю кӯшиши шуурнок табдил ёфт. Дар синни 20-солагӣ ӯ боз ба ҳадафи худ баргашт – ҳуҷҷатҳоро якбора барои чандин самт пешниҳод кард ва рӯзноманигориро интихоб намуд. Ин қадам барои рушди касбии ӯ нуқтаи ибтидоӣ гашт.

 

Ҳамзамон бо таҳсилот ба ҳайси пешхидмат ҳам кор карда буд, ки ин маврид барои ӯ имкон дод муошират бо одамон ва жҳсос намудани шунавандагон ба вуҷуд ояд. Имрӯзҳо Дмитрий ҳаёти фаъолонаи донишҷӯиро бо рушди касбӣ ба таври муваффақиятомез ба ҳам мепайвандад. Ӯ бо баҳои аъло мехонад, сардори гурӯҳ аст ва ба ҳайати шӯрои донишҷӯёни Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон дохил мешавад, ки қаблан дар он ҷо дар мақоми раис ҳам буд. Чунин чандҷониба будани Дмитрий ӯро шахсияте мегардонад, ки метавонад ба дигарон илҳом бубахшад.

 

Дар радиои «Navo» Дмитрий – ин овози нави насли ҷавон, самимӣ, кушод ва муҳим аст. Эфирҳои ӯ саршор аз нерӯ, дарку маънидорӣ ва рағбати ҳақиқӣ ба ҳаёти шунаванда ҳастанд. Ӯ қодир аст содда, вале пурмаъною пурмазмун ҳарф занад – ба гунае, ки шунида шавад ва фаҳмида гардад. Ҳар як пахши ӯ дар эфир – ин гуфтугӯе аст, ки дар он овози замони муосир ба гӯш мерасад.

 

Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Агар ту ҳарф назанӣ – туро намешунаванд. Сухан – имконоти ту, ки фаҳмидашаванда бошӣ».