Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403
Дило Доробшоева
Ровӣ
Дило Доробшоева
Дата рождения
15.05.1999
Место рождения
Тоҷикистон

Рӯзноманигоре, ки ба қудрати сухан бовар дорад. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, аз рӯи ихтисоси журналистика. Аллакай аз соли дуюми донишҷӯӣ ба фаъолияти касбӣ рӯ оварда, таваҷҷуҳи хосаашро ба рӯзноманигории босифат ва мавзуҳои муҳими иҷтимоӣ равона кардааст.

 

Дар тӯли солҳои фаъолият таҷрибаи гуногунсоҳа дар ВАО аз расонаҳои чопӣ то форматҳои радио ба даст овардааст. Бо нашрияҳои маъруф чун маҷаллаи «Помир», рӯзномаҳои «Самак» ва «Тоҷикистон» (Pressa.tj) ҳамкорӣ намудааст. Ҳамзамон, омӯзишҳоро дар бахшҳои таҳқиқоти журналистӣ далелсанҷӣ ва забони англисӣ гузаштааст, ки ин ҳама ба густариши малакаҳои касбии ӯ замина гузоштаанд.

 

Аз соли 2025 ба ҳайси рӯзноманигор дар радиои «Наво» фаъолият мекунад. Дило ба мавзӯъҳое таваҷҷуҳ дорад, ки бо фарҳанг, рушди ҷомеа ва садои инсон пайванд доранд – ҳамон ҳақиқати зиндае, ки аксаран пушти сарлавҳаҳои баланд гум мешавад.

 

Ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ озодона сухан мегӯяд ва тавоноии хуби муошират бо шунавандагони гуногунзавқро дорад. Дило дар кори худ диққат ба ҷузъиёт, самимият ва талоши фаҳмондани амиқи мавзуъро меъёри асосӣ медонад. Барои ӯ сухан танҳо василаи ибрози фикр нест – он воситаи хидмат ба ҷомеа, илҳомбахшӣ, таҳрик ба андеша ва ҷустуҷӯи ҳақиқат аст.

 

Эфирҳои ӯ танҳо манбаи иттилоъ нестанд – онҳо фазои андешаанд, ки дар он ҳар нафар худро шунида эҳсос мекунад.

 

Шиори зиндагии ӯ: «Ҷаҳон тағйир меёбад, аммо сухане, ки аз дил бармеояд, ҷовидон мемонад!»