Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403

Бо Рӯзи Конститутсия муборак, Тоҷикистон!

 

Шунавандагони азизи Радиои «NAVO 96.5 FM», бо камоли самимият шуморо бо яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем!

 

Конститутсия, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, рамзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Он истиқлолияти давлатро таҳким бахшида, роҳи рушд, шукуфоӣ ва адолати иҷтимоиро кушод.

Имрӯз мо Қонуни Асосии давлатро ҷашн мегирем – пояи озодӣ, ҳуқуқ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон. Бигзор ин рӯз дилҳои ҳамаи мо пур аз ифтихор ба Ватан, эътимод ба фардои равшан ва хоҳиши саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз гардад!

 

Бо ҷашн муборак, дӯстони гиромӣ!
Ҳамроҳ бо Радиои «NAVO 96.5 FM» бимонед – мусиқие бишнавед, ки дилҳоро муттаҳид месозад!