
Шунавандагони гиромӣ, дӯстон ва шарикони азиз!
Ҳайати эҷодии радиои «Navo 96.5 FM» Шуморо самимона бо Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯяд!
Ин рӯзи фархунда рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ барои пешрафти кишвар, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи устувор фароҳам овардааст.
Мо ба ҳар яки Шумо барои эътимод, дастгирӣ ва ҳамсафар будан бо мавҷи «Navo 96.5 FM» самимона сипосгузорем. Барои мо ифтихор аст, ки ҳамарӯза бо мусиқии дӯстдошта, хабарҳои муҳим ва барномаҳои ҷолиб ҳамроҳи Шумо ҳастем.
Ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, файзу баракат, рӯзгори обод ва муваффақиятҳои нав орзу менамоем. Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад.
Иди Ваҳдати миллӣ муборак!