Эфир рӯзҳои корӣ, аз душанбе то ҷумъа, аз соати 10:00 то 13:00 дар Радиои «Navo» 96,5 FM садо медиҳад. Барнома дар эфири зинда пахш мешавад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мешавад. Забони пахш – русӣ.
«Непара» – барномаи интерактивии рӯзона аст, ки саршор аз ҷанбаҳои мусбӣ аст. Барномаро ду ровии фозилу пурдон ва зарифу ҳозирҷавоб пеш мебаранд, ки фазои муоширати дӯстона ва озодро эҷод менамоянд. Эфир саршор аз мусобиҳаҳои зинда, мусиқии рӯҳбахшу самимӣ, муҳокимаҳои мавзуъҳои муҳиму маслиҳатҳои судманд аст.
Ҳамчунин дар барнома қуръакашию бозиҳо, мусобиқаҳо ва робитаҳои дуҷонибаи фаъоли мусиқӣ баргузор мешавад, ки дар онҳо худи шунавандагон иштироки фаъол доранд. Онҳо паёмҳо мефиристанд, фикру ақидаҳои худро изҳор медоранд, дархостҳои мусиқӣ равон менамоянд ва ҷоизаҳо бурд мекунанд.
Контенти барнома айнан бо оҳанги рӯзона мутобиқ карда шудааст – он сабук, тобону ҷалбкунанда мебошад. Ин барномаро қисми табии зиндагии ҳамарӯза мегардонад. Шунавандагон худро на ҳамчун як шунавандаи оддӣ, балки иштирокчии комили эфир эҳсос менамоянд. «Непара» на танҳо фароғат мебахшад, вай эҳсосоти ҷалбшавӣ, дастгирӣ ва муоширати воқеиро дар эфири мустақим эҷод менамояд. «Непара» барномае аст, ки мехоҳӣ ба он боз баргардӣ.
Барнома дар вақти муносиби рӯзона, замоне, ки шунавандагон ба контенти зиндаю сабук таъсирпазир ҳастанд, пахш мешавад. «Непара» бар рӯи сохтори дақиқ сохта шуда, мавзуъҳои муҳиму мусиқии хушсифат, ҳаҷв ва робитаи дуҷонибаи фаъоли зиндаро дар бар мегирад. Ровиён ба осонӣ бо рӯҳияи эфир созгор шуда, содиқу самимӣ ва озод боқӣ мемонанд. Вижагии барнома – робитаи наздик бо шунавандагон аст: эфир зангҳо, паёмҳо, бозиҳою қуръакашиҳо ва дархостҳои мусиқиро дар бар мегирад, ки барномаро наздиктар мегардонад. Зимнан мундариҷаи он барои доираи васеи шунавандагон бетараф ва муносиб боқӣ монда, ба мавзуъҳои тез ё ҳассос дахл намекунад ва қисми роҳату хушоянди рӯз мегардад.
Қолаби барнома – ин эфири пурҳаракати мустақим бо гуфтугӯи зинда, суҳбатҳои сабук ва мавзуъҳои рӯзмарра аст. Ровиён фаъолона бо шунавандагон ҳамкорӣ менамоянд, зангҳоро қабул мекунанд, паёмҳоро мехонанд, мусобиқаҳо баргузор менамоянд, тибқи дархостҳо феҳристи наворҳои савтӣ ва видеоиро тартиб медиҳанд. Контент гуногуну рангоранг аст: мусиқӣ, суҳбатҳо, навигариҳо, ҳаҷв, реклама. Дар барнома зуд–зуд меҳмонҳо – коршиносон, ҳунарпешагон ва ҳамчунин худи шунавандагон ширкат меварзанд. Танзиму ороиши овозӣ бо зангӯлаҳо (ҷинглҳо) ва воситаҳои таъсирбахш ба барнома шинохтпазирӣ ва ҳамоҳангӣ мебахшад.
Ҳадафи барномаи «Непара» – эҷод намудани барномаи зинда, пурмаъною пурғановат ва ҷолибу ҷаззобе аст, ки рӯҳияро меафзояд, иттилооти судмандро дар миён мегузорад ва эҳсосиро таҳким мебахшад. Ин эфире мебошад, ки ба шунавандагон барои боз ҳам тобонтару дурахшонтар, сабуктар ва мусбаттар намудани рӯз бо изофа намудани эҳсоси гармӣ ва муоширати ҳақиқӣ дар оҳанги ҳаррӯзаи муқаррарӣ кумак менамояд.