Подписывайтесь на нас :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403

Барномаи шабонаи «Час-пик»

«Мавзунияти шоми ту!»

Барнома рӯзҳои корӣ, аз душанбе то ҷумъа, аз соати 18:00 то 21:00 дар Радиои «Navo» 96,5 FM пахш мешавад. Барнома дар эфир мустақиман бо дастгирии фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад. Забонҳои пахш – тоҷикӣ ва англисӣ.

 

«Час–пик» – барномаи шомгоҳие аст, ки ба шунавандагон ёрӣ мерасонад ором ёбанд ва рӯзро бо роҳат анҷом диҳанд. Фазои сабук ва дӯстонаи барнома ба истироҳат ва муоширати зинда мусоидат мекунад. Ҳар як пахши барнома – ин омехтаи ҷаззоби мусиқӣ, ҳаҷв, муошират, мавзуъ ва меҳмонони ғайричашмдошт. Ровиён бо шунавандагон фаъолона ҳамкорӣ намуда, онҳоро ба муҳокимаҳо, бадеҳагӯӣ ва бозиҳои дуҷонибаи фаъол ҷалб менамоянд. Эфир саршор аз гармиву ҳолати табиӣ аст, ки эҳсосоти ҳамнишинии шомгоҳии гувороро фароҳам меоварад.

 

Шунавандагон дар ҳаёти барнома ширкат меварзанд: аз саргузаштҳои худ нақл мекунанд, салому дурудҳо мефиристанд, ба саволҳо посухҳо медиҳанд ба феҳристи наворҳои савтӣ ва видеоӣ таъсир мегузоранд. Чунин қолаб барномаро зинда, наздик ва махсусан ҷолибу шавқовар мегардонад. Робитаи дуҷонибаи фаъол, рангорангии мавзуъҳо ва оҳанги мавзуни эҳсосотии пахши барнома ҳар як эфирро беназир ва хотирмон месозад. Дар барнома унсурҳои истироҳат, хушнудию саргармӣ ва муҳимият осон бо ҳам омехтаанд. Мундариҷаи он ҳам мавзуъҳои муосир ва ҳам лаҳзаҳои ҳасратангезро дар бар мегирад, ки садои бисёрқабатаи шомро эҷод менамояд.

 

Барномаи «Час–пик» бо оҳанги мавзуни шомгоҳӣ, ки шунавандагон дар ҷустуҷӯи контенти сабук, заминадор ва дар айни ҳол  зинда ҳастанд, мутобиқ гардонида шудааст. Сарлавҳаҳои доимӣ ба эфир сохтор ва пурҳаракатӣ мебахшанд. Миёни онҳо: омехтаи мусиқӣ, «Дуруд ва табрикотҳо», «Саволи махфӣ», «Дуроҳа», «Кӣ дар тамос?» ва «Чистони садоӣ». Онҳо унсури интизорӣ ва ногаҳонӣ эҷод намуда, шунавандагонро ба эфир ҷалб менамоянд ва шавқу рағбати устуворро ташаккул медиҳанд. Чунин муносибат барномаро майдончаи ҷолибу ҷаззоб на танҳо барои шунавандагон, балки барои лоиҳаҳои шарикона ва якҷоякунии рекламавӣ низ мегардонад.

 

Қолаби «Час–пик» бар рӯи муоиширати зинда, ҳаҷв, мусиқӣ ва бадеҳагӯӣ сохта шудааст. Ровиён лаҳну оҳанги эфирро муқаррар менамоянд, бо шунавандагон суҳбат мекунанд, ба зангҳо посух медиҳанд, паёмҳоро мехонанд, бозиҳою қуръакашиҳо баргузор менамоянд ва муҳити зиндаро эҷод мекунанд. Ҳар як пахши барнома – омехтагии мусоҳибаҳо, муҳокимаҳо, озмунҳои саволу ҷавоб ва таваққуфҳои мусиқӣ аст. Маҷмӯаи интихобшудаи мусиқӣ бо рӯҳияи шомгоҳӣ мувофиқат дорад, танзиму ороиши савтӣ ва зангӯлаҳо (ҷинглҳо) барномаро ба осонӣ шинохташаванда менамоянд. Эфир ба таври муосир ва табиӣ садо дода, кумак мекунад, ки шунавандагон рӯзро бо ҳолату рӯҳияи мусбат ба анҷом расонанд.

 

Ҳадафи асосии барнома – эҷод намудани фазои шомгоҳиест, ки саршор аз сабукию рифоҳ, муошират ва дастгирии эҳсосотӣ мебошад. «Час–пик» кумак мекунад, ки шунавандагон аз корҳо фориғ шаванд, муҷаддадан роҳандозӣ шаванд, ҳолату рӯҳияи хуб ба даст оваранд ва худро ҳамчун қисми радио–ҷомеаи дӯстона эҳсос намоянд. Бо шарофати таваҷҷуҳ ба рағбатҳои шунавандагон, ровиёни ҷаззобу таъсиргузор ва контенти рӯзмарра, барнома қисми муҳими ҳамешагиҳои муқаррарии шомгоҳӣ ва одатҳо мегардад, ки мехоҳӣ ба он баргардӣ.