Обуна шавед :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403

Дар бораи мо

Радиои «Navo» – ангезаи рӯҳияи шумост!

Радиои «Navo» – радиостансияи  мустақили аҳди наве аст, ки барномаҳои худро дар басомади 96,5 FM пахш менамояд. Мо ба кори худ 1 майи соли 2025 ҳусни оғоз бахшидем ва дар пойтахти Ватани худ – шаҳри Душанбе қарор дорем. Радиошунавонии мо тақрибан тамоми ҳудуди Тоҷикистонро фаро гирифта, миллионҳо шунавандагонро дар эфири ягонаи 24/7 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муттаҳид менамояд.

 

Қолаби Радиои «Navo»– ин радиои муосир ва зинда бо рӯҳияи мусбӣ аст. Шоу-барномаҳо, сарлавҳаҳо ва подкастҳои мо барои доираи васеи шунавандагон пешбинӣ шудаанд: мо равону содда, одамвор дар бораи муҳимтарин масъалаҳое, ки ба ҳаяҷон меоваранд,  илҳом мебахшанд ва муттаҳид месозанд, суҳбат мекунем. Мусиқие, ки дар эфир садо медиҳад, тамоми завқу салиқаҳо – аз оҳангҳои  миллӣ то хитҳои рӯзмарраи ҷаҳониро фаро мегирад.

 

Мо ба нерӯи эфири мустақим, муоширати ошкорову самимона боварӣ дорем. Аз нерӯӣ субҳгоҳӣ то истироҳати шабона  Радиои «Navo» шунавандаро дар ҳар як лаҳзаи рӯз ҳамроҳӣ менамояд. Ин   на танҳо радио, балки садои кишвари муосир аст.

 

Радиои «Navo» дар муҳити рақамӣ фаъолона рушд менамояд – моро на танҳо дар эфир, балки тариқи онлайн ҳам метавон шунид ва ҳамчунин барномаҳои моро дар Telegram, Instagram, Facebook ва YouTube пайгирӣ намуд. Мо кӯшиш дорем, ки наздиктар, зудтар ва шавқовартар бошему ҳамзамон сабк, завқу салиқа ва иззату эҳтиром ба шунавандаро нигаҳ дорем.

 

Рисолати мо – илҳом бахшидан, муттаҳид сохтан ва ташаккул додани фазои мусбии иттилоотӣ аст. Мо ба ғояву идеяҳо, фарҳанг ва эҳсосот садо бахшида, радиоеро эҷод намудаем, ки ҳамроҳ бо шунавандагони худ ҳар рӯз, дар ҳар як шаҳр, рӯи ҳар як мавҷ зиндагӣ  намояд.

 

Дар эфири Радиои «Navo» на танҳо мусиқӣ ва хабарҳо садо медиҳанд – дар ин ҷо овозҳои насли нав тавлид мегарданд, истеъдодҳо кашф мешаванд, таъриху саргузаштҳои одамон ва ҷомеа садо медиҳанд. Мо барои ҳамкорӣ, шарикӣ ва қолабҳое наве, ки радиоро зинда, муфиду судманд ва муҳиму рӯзмарра месозанд, омодаем.

 

Бо шунидани Радиои «Navo», шумо на танҳо иттилоот ба даст меоваред – шумо қисми мавзуни зиндаи калоне мегардед, ки дар он ҳар як овоз муҳим аст.