Пахшҳо аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар эфири Радиои «Navo» 96.5 FM садо медиҳанд. Давомнокии ҳар як пахш – 1 дақиқа. Қолаби шунавонӣ – блокҳои кӯтоҳи навишташуда. Забони бахш – русӣ.
«Дақиқа» – бахши кӯтоҳу муфид, ки бо шунавандагон маслиҳатҳои арзишманд, лайфхакҳои рӯзгор ва ёдовариҳоро, ки метавонанд рӯзро сабуктар ва самараноктар намоянд, ба миён мегузорад. Ҳар як пахш ба як фикр ё мавзуъ бахшида шудааст: корҳои ҳамарӯзаро чӣ гуна метавон соддатар кард, захираро чӣ гуна метавон ҳифз намуд, ҳолату рӯҳиро чӣ гуна метавон беҳтар намуд ё ба чизҳои маъмулӣ чӣ гуна аз дидгоҳи нав метавон назар кард. Бахш барои он таҳия шудааст, ки дар фосилаи кӯтоҳ ба шунаванда як чизи воқеан муфид ва дар амал истифодашаванда дода шавад. Пешниҳоди сабук, боназокат онро қисми дастрас ва хушу дилнишини ҷараёни иттилоотӣ мегардонад – бе сарборию бори аз ҳад зиёд, вале бо фоида.
Дар оҳанги муосири рӯз шунаванда на ҳамеша барои эфирҳои дуру дароз ва шарҳу тавзеҳҳои амиқ вақт пайдо мекунад, вале ӯ барои иттилооти фишурдаву маънодор ниёз дорад. «Дақиқа» ҷавобгӯи ин дархост аст: вай вақт талаб намекунад, вале фоидаро пешниҳод менамояд. Ин як навъ хӯроки зеҳнии сабуки истеъмолшавандаи байни ғизоҳои асосӣ аст – такону ангезаи кӯтоҳи иттилоотӣ, ки шавқу рағбатро қонеъ мегардонад, роҳнамоӣ мекунад, ёдоварӣ менамояд. Шунавандагон ба қолаб зуд одат карда, мунтазири “ҳиссаи фоидаи” нав ҳамчун қисми маросими ҳаррӯзаи радиоии худ ҳастанд. Ин бахше аст, ки ба он барои таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва калимаҳои соддае, ки сари вақт гуфта шуданд, бармегарданд.
Қолаби бахш аудиоблоки ба таври возеҳу равшан сохторсозишуда бо давомнокии 1 дақиқа аст, ки дар он ровӣ як маслиҳати мушаххас ё мушоҳидаро ба миён мегузорад. Муқаддима, моҳияти кӯтоҳ ва хулосаи ниҳоӣ – ҳамаи ин бо лаҳни ором, некхоҳона пешниҳод карда мешавад. Такяҳои сабуки садоӣ, зерсохти муъҷази мусиқӣ ва ороиши мулоим дарки бахшро бароҳат ва эътимодбахш мегардонанд. «Дақиқа» ба ҷадвали эфир осон ҷойгир мешавад ва ҳамчун овози дӯстонае дарк карда мешавад, ки он шунавандаро дар роҳ, дар ҷойи кор ё хона оромона ҳамроҳӣ менамояд.
Ҳадафи бахш – кумак кардан ба шунавандагон барои беҳтар шудан ва эҳсос намудани дастгирӣ дар такопую гирудори ҳамарӯза. «Дақиқа» саъй мекунад ҳамон ёдоварие дар бораи мавриди муҳим ва заруре бошад, ки аксаран дар ҷараёни корҳо гум мешавад. Ин танҳо як маслиҳатҳо нестанд – ин таваққуфҳои хурд барои фикру андеша, ғамхорӣ нисбати худ ва қадамҳо ба сифати беҳтари зиндагӣ. Бахш таасуротеро ба вуҷуд меорад, ки гӯё нафаре ғамхорӣ мекунад ва таҷрибаро дар миён мегузорад. Вай радиоро наздиктар ва инсонитар – ва ҳар рӯзро каме муфидтар мегардонад.