Обуна шавед :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403

«Миш-миш гузориш»

«Ҳамеша тоза!»

Пахшҳо аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар эфири Радиои «Navo» 96.5 FM садо медиҳанд ва ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Давомнокӣ – 2-3 дақиқа. Қолаби шунавонӣ – сабтҳо бо ҷойгиронии баъдӣ ба таври онлайн. Забони бахш – тоҷикӣ.

 

«Миш-миш гузориш» – ин бахши сабук ва мусбате аст, ки бо навигариҳои зинда, далелҳои аҷиб ва саргузаштҳои илҳомбахш пур карда шудааст, ки мехоҳӣ онҳоро такрор ба такрор бишнавӣ. Дар ҳар як пахш – маҷмӯаи ҳодисаҳои ғайриоддӣ ва сюрпризҳо аз тамоми ҷаҳон ва Тоҷикистон, ки касро хушҳол менамоянд, ба тааҷҷуб меоваранд ва дидгоҳу доираи назарро васеъ мегардонанд. Дар ин ҷо рӯзномаи вазнин вуҷуд надорад – танҳо мавзуъҳои равшан, сужетҳои фарҳангӣ, ҳодисаҳои аҷибу ғалатӣ ва ҳаҷви неку марғуб. Бахш дар эфири зинда пахш мешавад ва дарҳол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад ва бо шарофати ин ҳам шунавандагони радио ва ҳам онлайн-шунавандаҳоро фаро мегирад. Ин ҳодисаҳои хурд бо лаҳни зинда, такяи садоҳои ҳаяҷонбахш ва фазои сабук ҳастанд, ки беҳтарин оғози рӯз мегарданд.

 

Шунавандагони муосир аз сарбории иттилоот хаста мешаванд, хусусан агар он яксону якнавохт ва манфӣ бошад. «Миш-миш гузориш» роҳи дигареро пешниҳод мекунад – контенте, ки онро метавон бо ҳузуру ҳаловат ва бе фишори равонӣ гӯш кард. Дар эфир саргузаштҳое садо медиҳанд, ки боиси пайдо шудани табассум ва шавқу рағбати сабук мешаванд, кумак мекунанд, ки замоне аз корҳои муқаррарӣ берун равӣ ва ба ҷаҳон аз тарафи нав бо диди накӯ назар афканӣ. Бахш ба таври табиӣ дар тренди “фароғати оқилона” ҷо мегирад – қолаби кӯтоҳ, вале оқилона, ки хаста накарда, хушҳол менамояд. Бахш посухҳои эҳсосотиро ба миён оварда, одати баргаштан ба эфирро ба вуҷуд меорад ва радиоро қисми мусбии субҳгоҳӣ ё рӯзона мегардонад. Бо шарофати муҳим ва ҳамаҷониба будани мавзуъҳо, бахш аз шунавандагони дилхоҳ синну сол ҳамраъйӣ пайдо менамояд.

 

Қолаби бахш ба раванди зиндаи эфири мустақим асос ёфтааст. Ҳар як нашр – ин ҳикояти пурғановат, вале сабуке аст, ки дар он навигариҳо бо лаҳни самимӣ ва табассуми сабук пешниҳод мегарданд. Садо нарму мавзун ва озоду табиӣ – аз сужети ҳаяҷоновар ба далели ногаҳонӣ ё кашфи фарҳангӣ. Ровӣ чунин сухан мегӯяд, ки гӯё бозёфтро бо дӯсташ бо ҳам мебинад – бо гармӣ, ба таври табиӣ, бо эҳсосот. Ин маврид бахшро махсусан ҷолибу ҷаззоб ва дар муқоиса бо қолабҳои классикии навигариҳо мумтозу барҷаста мегардонад. Нармии сохтор ба кас имкон медиҳад зуд ба сабабҳои иттилоотӣ созгору мутобиқ шавад ва дар айни ҳол сабк ва муҳити шинохташавандаро ҳифз намояд. Нашрҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пахшҳо ҳаёти дубора мебахшанд ва ҷалб гардидани шунавандагонро васеъ мегардонанд.

 

Ҳадафи бахши «Миш-миш гузориш» – ба шунаванда ҳадя намудани чанд дақиқа контенти нек, ки хушҳол менамояд, ба таҷҷуб меоварад ва табъро боло мебарад. Ин танҳо як саргармию вақтхушӣ нест – ин ғамхорӣ дар бораи он аст, ки ҳар як рӯз аз нотаи сабук оғоз шуда, идома ёбад. Ба воситаи сужетҳои зинда, ҷузъиёти фарҳангӣ ва хурдурезҳои равшану тобнок аз ҳаёти ҳамарӯза бахш алоқаи эҳсосотиро бо шунавандагон тақвият мебахшад, радиои «Navo»-ро наздиктар ва гармтар менамояд. Бахш ба радио кумак мекунад, ки бо шунаванда “бо як забон”, бе фишор ва унвонҳои пурғулғула, суҳбат намуда, минтақаи боварию итминон ва шодию хурсандиро эҷод намояд. «Миш-миш гузориш» нуқтаи ҷозибаи ҳақиқӣ мегардад – ҷое, ки метавон ҳамеша як чизи хубе шунид.