Обуна шавед :
https://x.com/Navo96_5FM
https://www.tiktok.com/@radionavo96_5fm
https://www.youtube.com/@RadioNavo96.5FM
https://t.me/navo96_5fm
https://www.instagram.com/navo96.5fm/
https://www.facebook.com/profile.php?id=61575081510403

«Мард-мен»

«Марди ҳақиқӣ – сухан, кор, натиҷа!»

Пахшҳо ду мартиба дар рӯз аз душанбе то ҷумъа рӯи мавҷи Радиои «Navo» 96.5 FM садо медиҳанд. Давомнокии ҳар як пахш – 2-3 дақиқа. Қолаби шунавонӣ – сабтҳои пешакӣ. Забонҳои бахш – тоҷикӣ ва русӣ.

 

«Мард-мен» – ин бахш барои онҳое аст, ки кӯшиш доранд рушд намоянд, андешамандонаю мулоҳизакорона инкишоф ёбанду зиндагӣ кунанд. Ин қолаби аудиое аст, ки кушоду равшан ва мардона мавзуъҳои сарварию пешсафӣ, худкушоӣ, самтҳои ҳаётӣ ва нерӯи дохилӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ҳар як пахш масъалаҳои наздик ба марди муосир баррасӣ мешаванд: чӣ гуна тавозуни байни болоравӣ дар мансаб ва оиларо метавон нигаҳ доштан, чӣ гуна дар лаҳзаҳои мушкил мақсадро гум накардан, чӣ гуна бояд боваринок буд ва дар як вақт инсонбудан. Ровӣ на танҳо далелҳо ва фикру ақидаҳои коршиносонро дар миён мегузорад, балки бо такя бар намунаҳои воқеии ҳаётӣ маслиҳатҳои амалӣ низ медиҳад. Бахш шарафмандона, мӯъҷазу кӯтоҳ ва боиззату эҳтиром садо дода, фазоеро ташкил медиҳад, ки дар он шунаванда дастгириро эҳсос менамояд ва худро мешиносад.

 

Мардҳои муосир ҳар чӣ бештар барои тамомияти ҷисмонӣ, эҳсосотӣ, ақлонӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Бахши «Мард-мен» ҷавобгӯи ин дархосту ниёзҳо буда, контенти комил, муҳим ва илҳомбахш пешниҳод менамояд. Дар шароити рақобати баланд, изтироб ва сарбории иттилоотӣ доштани он сарчашмае муҳим аст, ки на танҳо кумак мекунад аз уҳдаи коре бароӣ, балки қавитар ҳам шавӣ. «Мард-мен» дар бораи мавзуъҳои муҳим бо забони содда – оид ба ҳадафҳо ҳарф мезанад. Ин қолаб бе ибораю шиорҳои баланд аст – дар ин ҷо воқеият, фаҳмиш ва хоҳиши кумак расонидан садо медиҳад. Муҳимияти бахш махсусан дар он зоҳир мегардад, ки вай вақте, ки шунидани маслиҳат, илҳом гирифтан ва ё танҳо худро ба ҳолате беҳтаре омода намудан даркор аст, такягоҳ мегардад.

 

Қолаби бахш бо сохтори дақиқ, пешниҳоди боэҳтиромона ва мазмуни амиқ таҳия шудааст. Ҳар як пахш ба мавзуи мушаххасе, ки барои шунавандагони мард таъсиргузор аст, бахшида шудааст: сифатҳои пешсафиро чӣ гуна бояд инкишоф дод, кадом одатҳо ба интизом тақвият мебахшанд, устувории эҳсосотиро чӣ гуна бояд ҳифз намуд, барои чӣ дар бораи ҳиссиёт сухан гуфтан муҳим аст ва барои худ чӣ гуна метавон вақт пайдо кард. Ровӣ бо боварию итминон, вале на ба тарзи насиҳатомез сухан мегӯяд – ин овозе аст, ки ба он бовар дорӣ. Садо сабук, бе вазнинии зиёдатӣ ва эҳсосоти шадид, вале бо маънои возеҳу равшан аст. Шунаванда бахшро мисли як лаҳзаи шахсӣ тасаввур мекунад – гӯё гуфтугӯи кӯтоҳ бо шахсе, ки воқеан мефаҳмад. Бо шарофати чунин лаҳн бахш ба дилхоҳ лаҳзаи рӯз – аз оғози субҳгоҳон то натиҷагирии шомгоҳӣ ба таври олӣ ҷой мегирад.

 

Ҳадафи «Мард-мен» – илҳом бахшидан ба мардон барои ҳаёти шуурмандона, бомувозинат ва қавӣ. Мо мехоҳем ба шунавандагон кумак намоем, ки боэътимодтар, ҳадафмандтар ва хирадмандтар гарданд ва зимнан инсоният ва мувозинати дохилиро аз даст надиҳанд. Бахш кӯшиши инкишоф ёфтанро дастгирӣ менамояд, муносибати эҳтиромона ба худ ва атрофиёнро ташаккул медиҳад, саволҳое медиҳад, ки пештар дар мавриди онҳо шояд сукут мекарданд. Ин танҳо як блоки иттилоотӣ нест – ин фазоест барои рушди мардона, дастгирӣ ва нерӯи шахсӣ. «Мард-мен» ба ҳар як шунаванда кумак мекунад, ки беҳтарин намунаи худ гардад – бе фишор, вале бо раҳнамоии амиқи дохилӣ.