Эфир ҳафтае як маротиба, аз соати 14:00 то 16:00 дар Радиои «Navo» 96,5 FM садо медиҳад. Қолаби пахш – пахши зинда, баромади мустақим. Забонҳои эфир – русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ.
«Кат-Лайф» – ин бештар аз барномаи радиоӣ аст. Ин рӯйдоди ҳақиқӣ дар эфири зинда аст, ки дар он мусиқӣ, бадеҳагӯӣ ва ҳузури зинда ҳолати фурӯравии пурраро эҷод мекунанд. Бе дублу монтаж барнома ба шунаванда эҳсосоти самимӣ ва ҳамкории воқеӣ бо ҳунарпешагон ва меҳмононро пешниҳод менамояд. Ҳамаи он чизҳое, ки дар эфир рӯй медиҳанд, ҳамин ҷо ва ҳамин лаҳза рӯй медиҳанд. Навозандагон зинда ҳунарнамоӣ мекунанд, аз саргузаштҳои худ қисса мекунанд, бадеҳагӯӣ менамоянд ва бо ровӣ дар фазои озоду табиӣ суҳбат мекунанд. Ҳар як пахши барнома – ин таҷрибаи беҳамтою беназир аст, он барнома набуда, таассуроти зиндае аст, ки наметавон онро нақл кард, онро танҳо метавон эҳсос намуд.
Муҳимияти барномаи «Кат-Лайф» дар садоқату ростӣ ва озод будани он аст. Дар ҷаҳони контенти рақамӣ, ки дар он монтаж ва ҷилои саҳеҳсозишуда афзалият дорад, теъдоди зиёди шунавандагон воқеият, худ ба худ рӯйдиҳанда ва зиндаро ҷӯё ҳастанд. Одамон мехоҳанд шоҳиди лазҳа бошанд, на ин ки фарзияи коркардшудаи он. «Кат-Лайф» эҳсоси аслият, эфири ҳаяҷоновар ва воқеиро бармегардонад, ки дар сенария вуҷуд надорад ва ҳамаи чиз пеши чашмон ва дар гӯшҳои шунавандагон рӯй медиҳад. Ин қолабе аст, ки нодиру камёб гардидааст, ба ҳамин хотир ин махсусан пурарзиш аст. Он ба шунавандагон рӯҳи зиндаи эфир, ҷалбгардии эҳсосотӣ ва нерӯи самимии инсониро пешниҳод менамояд.
Қолаби барнома – ин баромадҳои зинда бевосита дар студия ё дар майдончаи берунӣ аст. Дар эфир мусиқӣ ба таври зинда садо медиҳад, суҳбатҳои ба нақша гирифтанашуда баргузор мешаванд, ҳамкориҳои ногаҳонии эҷодӣ барои расидан ба ҳадафи ягона (коллаборатсияҳо), спектаклҳои хурд, стендапҳо, бадеҳагӯиҳо ва иҷроиши асарҳо тавассути ҳунармандон (перформансҳо) рӯй медиҳанд. Ровӣ равандро ҳамроҳӣ карда, ба ҳунарпешагон кумак мекунад, ки дар ҳамон лаҳза худро ошкор намоянд ва селаи ҳодисотро равона менамояд. Шунавандагон метавонанд ба эфир пайваст шаванд, саволҳо диҳанд, вокуниш намоянд, ки ҳамаи ин дар реҷаи ошкорову ҳамкорӣ рӯй медиҳад. Студияи эфир гоҳо ба саҳна, гоҳо ба театр, гоҳо ба майдонча барои гуфтугӯи ошкоро табдил мегардад. Моҳияти «Кат-Лайф» маҳз дар ҳамин аст – пурра мавҷуд набудани пешбинишавӣ, ки дар он ҷо қоидаи ягона – аслӣ будан аст.
Ҳадафи барномаи «Кат-Лайф» – ба шунаванда баргардондани санъати зинда ва ҳисси мушорикати эҳсосотӣ аст. Мо саъю кӯшиш дорем фазоеро эҷод намоем, ки дар он эҷодиёт дар замони воқеӣ, бе филтрҳо ва сенарийҳо тавлид мешавад. Ин фазое аст, ки дар он ҳунарпеша метавонад содиқу самимӣ бошад, шунаванда бошад – худро ҷалбгардида ҳис намуда, таҳти таъсири эҳсосотӣ ва ҳаяҷон қарор гирад. «Кат-Лайф» нуқтаи вохӯрӣ мегардад: байни ҳунарпеша ва шунавандагон, байни садо ва оромӣ, байни лаҳза ва абадият. Мо боварӣ дорем, ки санъат бояд зинда садо диҳад ва «Кат-Лайф» чунин имкониятро фароҳам меоварад. Ин танҳо эфир нест – ин нерӯи лаҳзаеаст, ки дар хотир боқӣ мемонад.