Пахшҳо аз рӯзи душанбе то ҷумъа се маротиба дар рӯз тибқи мувофиқа, рӯи мавҷи Радиои «Navo» 96.5 FM садо медиҳанд. Давомнокии ҳар як пахш 2-3 дақиқа аст. Қолаби пахш – бастаҳои қаблан навишташуда. Забонҳои бахш – тоҷикӣ.
«Диёриё» – ин бахши радиоии ҳуҷҷатие аст, ки кӯчаҳои оддиро ба қиссаҳои ҷолибу мафтункунанда дар бораи фарҳанг, таърих ва рӯҳи кишвари мо табдил медиҳад. Ин танҳо ҷуғрофиё нест – ин сайру саёҳати радиоии зиндае аст, ки дар он кӯчаҳо овоз пайдо мекунанд ва маконҳои шинос бо маънои нав пур ва саршор мегарданд. Ровӣ Марҷона Қосимова шунавандагонро бо таърихи гузашта ва ҳозираи кӯчаҳо дар минтақаҳои гуногун шинос карда, ҳам солномаи расмӣ ва ҳам таъриху саргузаштҳои зиндаи инсониро ошкор менамояд. Ҳар як пахш – ин имкони гаштугузори нав дар кӯчаҳо, дар зери номи онҳо дидани тақдиру хотираҳо ва эҳсосот аст. Бахш ба шунаванда он гӯшаҳои кишварро боз мекунад, ки ӯ ҳар рӯз аз он ҷо мегузарад ва онҳоро ҳамчун рамзҳои фарҳангӣ ва таърихии мероси умумии мо нишон медиҳад.
Муҳимияти бахши «Диёриё» махсусан дар давраи шаҳрисозӣ, тағйир додани номҳо ва таҳаввулоти босуръат, замоне, ки гум накардани алоқаю робитаҳо бо решаҳо аҳамият дорад, эҳсос карда мешавад. Муҳаббат ба Ватан аз чизи оддӣ оғоз меёбад – аз кӯчае, ки ту дар дар он дар айёми кӯдакӣ мегузарӣ, аз номе, ки ту ҳар рӯз онро мешунавӣ. Бахш ба шунавандагон кумак мекунад, ки онҳо на танҳо дар бораи чизи наве огоҳӣ пайдо кунанд, балки аҳамияти як порчаи бигзор хурди ҳаёти худро дар заминаи таърихи калон дарк намоянд. Дар шароите, ки теъдоди ҳар чӣ зиёди одамон аз ҳувияти маҳаллӣ дур мешаванд, «Диёриё» эҳтиёткорона таваҷҷуҳро ба мавридҳои азиз, шахсӣ ва даркшуда бармегардонад. Ҳар як пахш даъвате мегардад барои назар кардан ба шаҳр, деҳа, маҳалла бо тарзи дигар – бо майлу рағбат, иззату эҳтиром ва ифтихор.
Қолаби бахш ҳамчун қиссаи аудиоии пурғановате сохта шудааст, ки дар он ҳар як калима симои бино ва хотираро ҳамроҳ бо худ дорад. Ровӣ оиди пайдоиши номи кӯча маълумот пешниҳод менамояд, дар бораи маконҳои машҳур – биноҳо, ҳайкалҳо, муассисаҳо ва ҳамчунин роҷеъ ба таърихи ҳодисаҳои муҳими дар ин ноҳия рӯйдода нақл мекунад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба одамон – сокинон, шахсиятҳои барҷаста, қаҳрамонҳо ва ҳунарпешагон, ки дар ин кӯча зиндагӣ кардаанд ё бо он алоқамандие доранд, зоҳир мегардад. Ба нақлҳо ба таври табиӣ достону ривоятҳо, устураҳо, далелҳои нодир ва ҳамчунин инъикоси кӯчаҳо дар адабиёт, синамо ва дигар навъҳои ҳунару санъат ҷойгир карда мешаванд. Вобаста ба пахш тамаркуз метавонад ё ба хотираи фарҳангӣ ва ё ба дарки эҳсосотии фазо равона гардад. Бо шарофати чунин муносибат, ҳар як ҳикоя зинда мегардад ва на танҳо хусусияти иттилоотӣ пайдо мекунад, балки зиёдтар шахсӣ ҳам мегардад.
Ҳадафи бахш – дар шунаванда ба воситаи донишҳо, тимсолҳо ва эҳсосот ташаккул додани ҳисси амиқи алоқамандӣ ба маконе, ки дар он зиндагӣ мекунад. «Диёриё» саъй мекунад на танҳо далелҳоро пешниҳод намояд, балки дар инсон шавқу рағбатро ба таърихи кӯча, ноҳия, шаҳри худ бедор кунад. Ин тарзу равиши ҳифз намудани хотираи дастаҷамъона ва ба насли ҷавон додани маълумоте, ки дар китобҳои дарсӣ ёддошт нашудааст ва баргардондани иззату эҳтиром ба замини худ ба воситаи таърихҳои содда, вале муҳим аст. Ба воситаи забони кӯчаҳо, номҳо, ҳодисаҳо ва рамзҳо бахш тимсоли Ватанро ҳамчун организми зиндаю бисёрқабата нишон медиҳад, ки дар он ҳар як шунаванда – қисми як чизи бузурге аст. Ин на танҳо лоиҳаи таълимӣ, балки сайру саёҳат ба сарчашмаҳои худ аст.